Ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди Р. Раҳимзода
Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 2-уми декабр дар РВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Мақсади ҷаласаи васеи фаврӣ-хизматӣ мавриди иҷро қарор додани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми ноябри соли ҷорӣ баён гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа корро пурзӯр намуда, дар ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ фаъолият намоянд.
Ҳамчунин дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






