Ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо ҳузури М. Ҷабборӣ
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-7-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи навбатии Шӯро бо иштироки аъзои Шӯро-масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва федератсияҳои варзишӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур 3 масъала, аз ҷумла, «Оид ба иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015», «Оид ба пешниҳоди номзадии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тасдиқи нақшаи кори Шӯро дар соли 2016» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур нақшаи кори Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 тасдиқ шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






