Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Остона
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 декабри соли 2015 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ф.Могеринӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода роҳбарӣ намуд.
Зимни ҷаласа иштирокдорон як зумра масъалаҳоро, аз ҷумла Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Вазирон дар маҷмӯъ оид ба аҳамияти муносибати Иттиҳоди Аврупо ба минтақа, ки на танҳо кӯмаки молиявии бисёрҷонибаро дар бар мегирад, ҳамчунин кумаки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ташкилоти молиявии Аврупо, аз ҷумла Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро эътироф намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






