Ҷалби одамон барои истисмор

Декабрь 21, 2015 10:36

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19 декабри соли равон  зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду зани 25 ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир  шуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зани тахаллусаш “Хола”, ки ҳоло дар шаҳри Дубайи АМА қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харида, рӯзи 16 декабр ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА равон кардаанд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Декабрь 21, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад