Ғализшавии ҳаво ва таъсири он ба муҳит

Декабрь 18, 2015 12:38

Душанбе, 18.12. 2015. (АМИТ «Ховар). —  Мутафаккир ва суханвари барҷастаи аҳди қадим Ситсерон мардумонро ҳушдор додааст: «Ҳангоми муносибат бо табиат ҳеҷ гоҳ ба ғалат роҳ набояд дод, дар акси ҳол инсоният метавонад ба фоҷеаҳои мудҳиш дучор ояд». Ин гуфтаҳои ҳакимона моҳияти муносибати инсону табиатро равшану амиқ таъкид ва ҳамзамон даъват менамоянд, ки ҳар фард бояд табиат ва қонуниятҳои онро дурусту мукаммал биомӯзад, бо табиат ва муҳити зисти хеш муносибати огоҳонаю эҳтиёткорона дошта бошад.

         Дар Конфронси  ҷаҳонии  СММ оид ба  иқлим   дар  шаҳри  Париж Созишномаи ҷаҳонӣ, ки  бояд протоколи Киоторо  иваз  намояд, маъқул  дониста  шуд.

Ҳуҷҷатро 195 ҳайатҳои  саросари  ҷаҳон  дастгирӣ  намуданд.  Ҳадафи  асосии  созишнома ноил  шудан  ба  коҳиш  додани  партовҳои газӣ ва  ба ин  васила  дар  ҳудуди  1,5  — 2  дараҷаи Селсия нисбат ба ҳарорати  давраи  пешазиндустриалӣ  нигоҳ доштани гармии  ҷаҳонист. «Агар ин  кор  иҷро  нашавад,  сайёра  сол  аз  сол ҳар  чӣ  бештар  дучори катаклизм  (тағйироти харобиовар)  мегардад», — мегӯянд  олимон.

        Дар  соли  2030 сатҳи  партовҳои умумӣ  хавфи расидан ба  аломати 55 гигатоннро  ба  миён  меорад,  ҳол он  ки мувофиқи  санҷишҳои   коршиносони  СММ  ин аломати ҳаддалимкон  набояд беш  аз  40  гигатоннро  ташкил  диҳад.

        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 21 — уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим, ки  30 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Фаронса баргузор гашт, суханронӣ намуда гуфт: «Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ соли 2010 Тоҷикистон дар робита ба партови гази дуоксиди карбон (СО2) дар ҷойи 135-ум қарор дошт, кишвари мо зимни рушди иқтисоди худ ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ки коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро дар назар доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.  Бо вуҷуди ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ба роҳ мондани ҳамкории фарогир ва дастаҷамъона барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ  ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ба санади дахлдори мавриди эътирофи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ниёз дорад. Мо аз раванди таҳияи чунин санади фарогир ҷонибдорӣ намудаем. Ба назари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он санад бо назардошти омилҳои таъсиргузор, пеш аз ҳама, бояд низоми маҳдуд сохтани партови газҳои гулхонаӣ  ва ташвиқи минбаъдаи коҳиш додани партовҳо нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамин ҳол хусусияти минтақавӣ касб кардани тадбирҳои амалӣ самараи бештар хоҳад дошт».

           Ҷамолиддин Ёқубов, сардабири маҷаллаи «Инсон ва Табиат»-и  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи имрӯзаи соҳаи экология дар кишвару ҷаҳонро чунин арзёбӣ мекунад:  «Имрӯз масъалаи вазъи экологӣ дар тамоми ҷаҳон аз масъалаи мубрам ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад, зеро ҳаёти тамоми инсонҳо аз чӣ гуна будани муҳити зист вобастагии зиёд дорад ва Тоҷикистон, ки як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, аз ин берун буда наметавонад. Албатта, вазъи экологии кишварро мо метавонем гӯем, ки аз нигоҳи боду ҳаво Тоҷикистон дорои як табиати зебо ва дорои ҳавои мусаффо аст ва ин кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ ҳамчун як кишвари ташаббускор дар соҳаи беҳдошти муҳити зист дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст».

          Ҷамолиддин Ёқубов дар идомаи суханаш мегӯяд, ки имрӯз Кумитаи ҳифзи муҳити зист бояд аз болои корхонаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, назорати ҷиддӣ барад: «Баъзе минтақаҳое дорем, ки аз нигоҳи вазъи экологӣ чандон хуб нестанд ва ба олуда намудани ҳаво марбут дониста мешаванд.  Барои беҳ сохтани шароити корхона, аз ҷониби нозирони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бояд назорати ҷиддӣ   бурда шавад. Ҳастанд корхонаҳои хурди чинӣ, ки фулузот истеҳсол мекунанд ва шаҳрвандоне, ки дар атрофи ин корхонаҳо зиндагӣ мекунанд, аз дуди ғализи онҳо нафас кашида наметавонанд. Албатта, сари ин масъала масъулин андеша мекунанд, ки то  мушкилиро ба зудӣ бартараф созанд».  

                   Маҳбуба Яқубова, ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ мегӯяд, ғализшавии ҳаво на танҳо аз корхонаҳои хурд вобастагӣ дорад, балки аз зиёд шудани мошину танбашавии онҳо ҳам сар мезанад. «Имрӯз мо дида истодаем, ҳар як хонаводаи кишвар соҳиби мошин аст, ки ин ба ифлосшавии ҳаво оварда мерасонад. Бояд масъулини ин соҳа ҳар як мошинро аз ташхис гузаронанд, то таъсирашон ба муҳити зист он қадар хатаровар набошад. Ифлосшавии атмосфера вобастагӣ ба як ё ду корхона надорад, балки ҳар шаҳрванд атрофи муҳити зисти худро тоза нигоҳ дошта, бояд табиатро хуб дарк ва ба тозагии муҳит аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намояд». 

        Маҳмадсодиқ Мусаммиров, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки ҳар моҳ кумита мониторинг оид ба  сифати ҳавои атмосфераи кишварро гузаронида истодааст. «Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 дидбонгоҳ қарор дорад, ки фазои атмосфераи кишварро назорат мебаранд. 2-то дар шаҳри Душанбе, 1-то дар вилояти Хатлон ва дигараш дар ш. Турсунзода қарор доранд, ки ҳар рӯз ҳолати ҳифзи ҳавои атмосфераро пешниҳод менамоянд. Асосан ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи кишвар ин воситаҳои нақлиётӣ мебошанд, ки қариб 70 %-и  ифлосиҳо ба фазои ҳаво аз воситаҳои нақлиёт партов карда мешаванд ва 30%-и  дигар аз корхонаҳои саноатии кишваранд. Дигар ифлоскунандаи фазои ҳаво ин бахши  барқӣ мебошад, ки дар ҷумҳурӣ 3- тоянд, ки якеаш дар ноҳияи Ёвон мебошад. Ин марказҳо бо филтр таҷҳизонида шудаанд, ки ифлосии ҳаворо ҷаббида мегиранд. Имрӯз ҳамаи корҳо барои нигоҳдории ҳавои тозаи атмосфераи кишвар аз тарафи кумита назорат карда мешаванд».

Коршиносон бар он назаранд, ки барои ҳар як шахс новобаста ба соҳаи фаъолияташ маълумоти экологӣ зарур аст. Ӯ бояд хавфи таъсири омилҳои гуногунро ба саломатӣ ба таври воқеӣ фаҳмида тавонад.

Дар замони рушди илму техника фаъолияти инсон ба худ ҳудуди равандҳои инқилоби геоэкологиро фаро гирифта, боиси тағйироти табиии биогеохимикӣ мегардад, ки ин зарурати на фақат муҳофизати табиат, балки муҳофизати саломатии одамонро ба миён меорад.

Ғайр аз манбаъҳои табиии ифлосшавӣ, заҳрнокшавии атмосфераи замин: вулқонҳо, тӯфонҳои чангӣ, сӯхтори ҷангалҳо, ҷангҳои кайҳонӣ, зарраҳои намаки баҳрӣ боз манбаъҳои сунъӣ вуҷуд доранд, ки танҳо ақлу хирад метавонад садди роҳи онҳо шавад. Ин манбаъҳо  аз сӯхтани сӯзишвориҳои истихроҷи кори неругоҳҳои барқии ҳароратӣ, боқимондаҳои ҳаракатдиҳандаи турбореактивӣ, истеҳсолот, газҳои муассисаҳо, сӯхтани сӯзишворӣ дар печҳои алангавӣ, ки массаҳои калони ифлосшавӣ- пайвастагиҳои карбонро ҳосил мекунанд, иборатанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Декабрь 18, 2015 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад