Ҳалокати ду нафар дар натиҷаи оташ гирифтани воситаи нақлиёт

Декабрь 22, 2015 11:23

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 21 декабри соли равон тахминан соати 23:30 ронандаи мошини тамғаи Волфсваген-Голф, сокини 32-солаи ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди ноҳияи Ҳисор, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мошин оташ гирифта, ронанда ва мусофири дохили он, сокини 35-солаи ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 

 

Декабрь 22, 2015 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш