Ҷамъияти тоҷикони Тюмен: Эмомалӣ Раҳмон барои гирифтани унвони «Пешвои миллат» арзанда аст
Душанбе, 13.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикон баъди гузашти садсолаҳо бо амри тақдир ва ҷонбозиҳои фарзандони баруманди миллат боз соҳиби давлати соҳибистиқлол гардиданд. Вале дар рӯзҳои нахустини қадамҳои мустақилонааш пайдо шуданд душманону хоинони миллат, ки кишварро ба гирдоби кашмакашиҳои дохила тела дода, хостанд ин миллат ҳеҷ гоҳ соҳиби давлати алоҳидаву тақдирсози ояндаи хеш набошад.
Дар чунин рӯзҳои сангин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири давлату миллатро ба даст гирифта кишварро аз вартаи фаноёбӣ ва порча — порча гаштан наҷот дод. Муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан бозпас гардонида овард. Мардум боз сари як дастархон гирд омаданд. Маҳз аз ҳамин давра миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат эътироф кард ва бо боварӣ аз паси ӯ рӯ ба эъмори давлатдорӣ ниҳод.
Аз онки имрӯз қонун қабул гардиду ба Эмомалӣ Раҳмон расман унвони Пешвои миллат дода шуд, мо тоҷикон фахр мекунем ва омодаем сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин абармарди таърихиро дастгирӣ намуда, дар атрофаш ҳамчун сипар истода бошем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






