Ҳамоиши «Интихоби Пешвои миллат- зарурати воқеии давлатдории навини тоҷикон»
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 15- уми декабр дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ҳамоиши «Интихоби Пешвои миллат- зарурати воқеии давлатдории навини тоҷикон» (дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат»), баргузор мегардад.
Дар ҳамоиши мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сухан мекунад. Ҳамчунин директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педегогӣ Шариф Комилзода дар мавзӯи «Нақши таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ», директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори воқеии сулҳу ваҳдат ва кафили устувори амнияти миллӣ» ва директори генералии МД АМРСБК- «Хонаи китоби Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих Қурбоналӣ Бӯриев доир ба масъалаи «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ» маърӯза хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






