Амрикоиҳо эҳтимоли зарбаҳои ҳавоӣ ба ҷониби афсарҳои ироқиро эътироф карданд

Декабрь 21, 2015 11:04

Душанбе, 21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»).-Дар изҳороти Маркази фармондеҳии қувваҳои ҳавоии ИМА, ки  рӯзи ҷумъа паҳн шуд,  фарзияе пешниҳод шудааст, ки зарбаҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоие, ки роҳбарии онро эътилофи зиддитеррористти ИМА бар дӯш доранд, метавонист боиси ҳалокати афсарҳои ироқӣ гардад.   Аз рӯи масъалаи мазкур бо иштироки ҷониби ироқӣ тафтиш  гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар он зикр мешавад, ки тибқи маълумоти  қаблӣ имкон дорад, ки зарбаҳои ҳавоии пайдарпай боиси фавти афсарҳои ироқӣ гардида бошанд.
 Дар изҳорот оид ба шумораи афсарони фавтидаи ироқӣ маълумоти мушаххас оварда нашудааст, хабар медиҳад ТАСС. Таъкид  мешавад, ки зарбаҳои ҳавоӣ бо Бағдод ва хадамоти махсуси кишвар мувофиқа шудаанд. Қаблан Вазорати мудофиаи Ироқ хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии тасодуфии эътилофи байналмилалӣ дар ноҳияи шаҳри Эл-Фаллуҷа, ки зери назорати Давлати исломӣ қарор дорад, 10 нафар ҳалок гардид. 

 

Декабрь 21, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад