АР: дар Белгия панҷ нафар бо гумонбари иштирок дар амалиётҳои террористӣ дар Париж дастгир шуданд
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои ТАСС, пулиси Белгия дар ҷараёни ҷустҷӯи дурӯза панҷ нафарро бо гумонбари иштирок дар амалиётҳои террористӣ дар Париж дастгир намуд. Дар ин бора Агентии Associated Press хабар дод.
Баъди силсилаи амалиётҳои террористӣ дар пойтахти Фаронса 13 ноябр ҳукуматдорони Белгия дар саросари кишвар тадбирҳои амниятӣ андешиданд.
Шаби 14 ноябр дар шаҳри Париж силсилаи амалиётҳои террористӣ рух доданд. Шахсони номаълум дар толори консертии Bataclan гаравгононро дастгир намуданд. Дар кӯчабоғҳои Шарон ва Волтер, ҳамчунин кӯчаҳои Фонтен – о – Руа ва Алебер низ ҳамлаҳои террористон сурат гирифтанд. Дар маҳаллаи Сен – Дении назди варзишгоҳи Stade de France, ки дар он ҷо дастаҳои мунтахаби футболи Фаронса ва Олмон қувваозмоӣ менамуданд, таркишҳо садо доданд.
Бар асари ҳамлаҳои террористон 130 нафар ҳалок гардида, қариб 350 нафар осеб диданд. Ҳамлаҳо аз ҷониби нуҳ нафар террористон сурат гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






