Арабистони Саудӣ: Иштироки таърихии занон дар интихобот
Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17 зан дар нахустин интихоботи таърихи Арабистони Саудӣ, ки дар он занон иштирок доштанд, чанд курсиро дар шӯроҳои маҳаллӣ ба даст оварданд.
Ин нахустин бор дар таърихи ин кишвар буд, ки занон ба унвони раъйдиҳанда ва номзад иҷозаи иштирок дар интихоботро доштанд. Шумориши овозҳо дар интихобот, ки рўзи шанбе анҷом ёфт, ҳанўз идома дорад. Мақомоти Арабистон рўзи якшанбе гуфтанд, ки натиҷаҳои ба дастомада бисёр фаротар аз он чизе аст, ки дар назар буд.
Саҳар Ҳасан Насиф, фаъоли ҳуқуқи занон дар шаҳри Ҷидда гуфт: «Ҳатто агар як курсӣ ҳам ба даст оварда мешуд, он барои мо ифтихор буд. Ҳақиқатан мо ҳеҷ интизори баранда шудани занеро надоштем».
Хизр ал Муборак дар гуфтугў бо хабаргузории Франспресс ғалабаи худро дар миёни дигарон тасдиқ кард. Вай мегўяд: «Бо ҷомеа, бахусус занон дар тамос хоҳам шуд, то садо ва хостаҳои онҳоро дар шўро матраҳ созам».
Бинобар гузориши хабаргузории расмии Арабистон, Солима бинти Ҳаззоб ал Утайбӣ, нахустин номзадзане буд, ки пирўзии вай эълом гардид ва дар шаҳраки Мудрика, яке аз минтақаҳои шаҳри Макка ба узвияти як шўрои маҳаллӣ ворид шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






