Арчаи асосии солинавӣ дар маркази пойтахт
Душанбе, 30.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар маркази пойтахт арчаи асосии солинавӣ гузошта шудааст, ки 25 метр баландӣ дорад.
Нӯги арчаро монитори силиндршакл оро додааст, ки дар он табрикоти солинавӣ унвонии сокинону меҳмонони пойтахт, ҳамчунин рамзҳои 25 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2016 таҷлил мегардад, бо сатри равон нишон дода мешавад.
Арча ба ҷойи бозичаҳои солинавӣ бо кураҳои дорои рангҳои парчами Тоҷикистон ва чароғу шаддаҳои махсус оро ёфтааст.
Барои сайругашт ва истироҳати шаҳрвандон дар паси муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то шаршараи Наврӯзгоҳ бо истифода аз чароғҳои рангоранг шакли хиёбони солинавӣ тасвир дода мешавад.
Шоми 31 декабр дар майдони Дӯстӣ консерти анъанавии идона бо иштироки ситораҳои эстрада баргузор гардида, маросим бо тарфбозӣ анҷом меёбад.
Мувофиқи қарори раиси шаҳр имсол аз 21 то 31 декабр дар бозорҳои маркази пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ ташкил гардида, аз 29 то 30 декабр дар сирки давлатӣ барои аълохонони макотиби шаҳр намоишномаи солинавӣ роҳандозӣ шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






