“Ҷавонон неруи созандаанд”-маҳфил дар ДДХ
Хуҷанд, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таҳти унвони “Ҷавонон неруи созандаанд” бо иштироки донишҷӯёну устодони донишгоҳ чорабинӣ доир гашт.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки ташкилоти ибтидоии донишгоҳ бо ҳамдастии намояндагони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилоят баргузор гардид.
Иштирокдорон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, чун «Салафия», «Таҳрир», иштироки бархе аз ҷавонони гумроҳ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, масъулияти падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ сухан гуфтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






