Ҷавонони Хатлон: Сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф кард
Қурғонтеппа, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар). — Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии донишҷӯён бо муовини раиси вилояти Хатлон Шерзода Ситора Маннон баргузор гардид. С.Шерзода зикр намуд, ки имрӯз бо дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ ҷавонон тамоми имкониятҳоро доранд, то соҳиби касбу ҳунар шуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ фаъолият намоянд. С.Шерзода иқдоми намояндагони мардумӣ барои ба Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро амри зарурӣ хонда, аз хизматҳои роҳбари давлат ба мардуми Тоҷикистон ёдовар шуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф кард.
Дирӯз ҳамчунин дар конфронс бахшида ба 21- солагии таъсиси ҲХДТ, ки дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, аз заҳматҳои Президенти мамлакат дар барқарорсозии сулҳу осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ сухан рафт. Зикр гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар ояндаи кишвар саҳми худро гузоранд. Барои таҳсили ҷавонон имрӯз дар ҷумҳурӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Чунин чорабиниҳо дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар Қурғонтеппа, беморхонаи вилоятӣ ба номи Б. Воҳидова ва идораи маорифи шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






