Аввалин нақби қаторагузар омода шуд

Декабрь 28, 2015 04:22

Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунӣ дар нақби 2 — и хатти роҳи оҳани Ваҳдат  — Ёвон ба анҷом расиданд, — иттилоъ доданд аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.
 Сардори Дирексияи сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон Абдулфайз Холиқов гуфт, ки дар нақби 1-ум корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунӣ 63 фоиз  ба анҷом расиданд. Дар пулҳои 1, 2, 3 ва 4 корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба ташхис супорида шуданд ва дар пули 5 корҳои омодагӣ сар шуданд. Аз тарафи ҶДММ “Бинокор” сохтмони истгоҳи Рўдакӣ оғоз шуда, корҳои заминӣ, бетонрезӣ ва омодасозии таҳкурсии бинои истгоҳ идома дорад.
Дарозии нақби №1 — 2209 метр, нақби №2 — 634 метр ва нақби 3 — 800 метрро ташкил медиҳад. Дарозии  умумии нақбҳо 3643 метр буда, нисбат ба лоиҳаи пеш аз ташхис 112 метр камтар аст. Қаблан мувофиқи лоиҳаи пешбинишуда нақби 1 — 2340, нақби 2- 680 ва нақби 3 — 3 800 метр ба ҳисоб гирифта шуда, дар умум 3755 метрро дар бар мегирифт. Сохтмони нақбҳо ва пулҳоро Ширкати Идораи 19 — уми роҳи оҳани Чин ба зимма дошта, 11 ширкати дигар корҳои таркишиву заминӣ ва иншооти сунъиро ба зимма доранд, ки инҳо КФС “Роҳсоз”, ҶДММ “Оби ҳаёт”, ҶДММ “Ғаюр — 1”, ҶДММ “Бинокор”, ҶДММ “Ориён Сохтмон”. ҶДММ “Роҳи нав 21”, ҶСК “Тоҷик СГЭМ”, ҶДММ “Тоҷиквзривпром” ва ҶДММ “Оби Ҳаёт” мебошанд.     
Тибқи  маълумоти дастарасшуда, то ҳол 15, 8 километри роҳ сохта шуда, 34, 96 километр корҳои заминӣ иҷро гардидаанд. Дар айни ҳол дар сохтмон 112 адад техника ва 540 коргар кор мекунанд, ки аз инҳо 236 нафарашон хориҷӣ ва 304  коргарони маҳаллианд.
Ин иншооти муҳими аср мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор дошта, барои тезондани суръати кор дар сохтмон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чанде пеш Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз сохтмон бори дигар дидан кард ва аз ҷараёни кор дар иншоот қаноатмандӣ изҳор дошт. Ў барои тезондани кор ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки ин иншооти муҳими ҷашнӣ бояд то 25 — солагии Истиқлоли давлатӣ анҷом ёбад ва муҳлати ба истифода додани он 30 августи соли 2016 муқаррар гаштааст.
КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” фармоишгари асосии сохтмон буда, то ҳозир ба ҷуз нақбу пулҳо корҳои боқимондаро маблағгузорӣ мекунад. Сардори корхона Комил Мирзоалӣ дар ҳар ҷаласаи назоратӣ ба роҳбарони хадамоту муассисаҳо дастур медиҳад, то барои босифату сари вақт анҷом додани сохтмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, барои сохмончиён  шароити хуби корӣ муҳайё созанд. Коргарон бо либоси гарму хўроки севақта таъмин карда шаванд.
Масъулини соҳа ҳар ҳафта аз ҷараёни корҳо дар сохтмон ва шароити кории коргарон назорат бурда, натиҷагирӣ намоянд.
Раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ҷалолова, ки ҳафтаи гузашта ҳамроҳи комиссияи корӣ аз ҷои сохтмон дидан кард, изҳор дошт, ки барои сохтмончиён тамоми шароит фароҳам  оварда шуда, ҷои хобу хўрокхўрии онҳо мувофиқи имкон ба талабот ҷавобгў аст. Ҳоло коргарон бо либоси кории мавсимӣ ва маводи ғизоӣ таъминанд.
Роҳбарияти Роҳи оҳан мекўшанд, ки то муҳлати муайяншуда корҳоро дар сохтмон босифат ва пурра анҷом диҳанд.

 

 

Декабрь 28, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд