Б. Прасад: «Миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз иқтидор ва имконоти фарох вуҷуд доранд»
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бираҷа Прасад, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми декабр дар нишасти матбуотие, ки пас аз маросими тақдими эътимоднома ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, иброз намуд, ки Ҳиндустон бо Тоҷикистон робитаҳои суннативу анъанавии гарму самимӣ дошт ва имрӯз ҳарду кишвар муштаракоти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ доранд.
Бираҷа Прасад зимни суханрониаш зикр кард, ки тӯли солҳои охир як силсила табодули сафарҳо дар сатҳи олӣ ва баланд байни ҳарду кишвар сурат гирифт. Имрӯз ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳамёриву шарикии байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон доираи васеи арса ва самтҳои робитаҳо, алалхусус самтҳои сиёсат, иктисодиёт, маориф, илм, тандурустӣ, рушди иктидори инсонӣ, мудофиа, мубориза бар зидди терроризм, технологияву фановарӣ, фарҳанг ва сайёҳиро дар бар мегиранд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар робита ба барномаи иктисодию техникии Ҳиндустон буд, ки онро «АЙТЕК» меноманд. Аз соли 1996 ин ҷониб зиёда аз 1000 мутахассиси Точикистон дар ҳошияи ин барнома дарсҳои давраҳои омӯзиширо дар Ҳиндустон гузарониданд. Зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2015 роҳбарияти кишвари мо қарор қабул карданд, то ҳиссаи Тоҷикистонро аз 100 ба 150 расонанд.
Аз лаҳзаи ташриф оварданам ба ин кишвар ман аз эҳсосоти муҳаббату гармие, ки мардуми тоҷик нисбат ба фарҳангу санъату синамои Ҷумҳурии Ҳиндустон ироа мекунанд, хеле таассуроти нек дорам».
Сафири тозаинтихоб иттилоъ дод, ки дар аввали соли оянда «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мекунанд ва ваъда дод, ки тӯли адои вазифаи хеш ҳамчун сафир кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳарду кишвар, ки имрӯз инъикоскунандаи иқтидори ҳарду кишвар мебошанд, ба ин кор мусоидат кунанд. Ӯ афзуд, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи ҳарду кишвар дар самти кишоварзӣ, маориф, технологияҳои иттилоотӣ, маъдан ва кӯҳкорӣ, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва инфрасохтор, ки дар ин самт ҳанӯз иқтидор ва имконоти фарох вуҷуд доранд, саҳми худро мегузорад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






