Ба ифлосшавии ҳавои боғшаҳри Душанбе роҳ набояд дод

Декабрь 8, 2015 04:46

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Душанбе- маркази Ҷумҳурии Точикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо,  макони меҳру  шафқат, маскани тоҷикони бузург аст. Даме ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебоии  муҳити  атрофаш  ҳаловат мебарем. Ҳар як сайёҳ ё меҳмони хориҷие, ки ба Душанбеи боғшаҳр- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам ранҷа менамояд, сараввал ба тозагиву зебоии он баҳо медиҳад. Аз ин рӯ, сокинон, бахусус роҳрӯбонро  зарур аст, ки дар  тозагии ин сарзамин саҳми худро гузоранд. Гарчанде ки дар чор фасли сол роҳрӯбон ба тозагии шаҳр машғул ҳастанд, аммо фасли тирамоҳ аз онҳо масъулияти зиёдро барои тозагии шаҳр талаб менамояд.  

Чун ҳоло фасли тирамоҳ ба анҷом расидаву зимистон оғоз шудааст, вале ҳамоно  хазонрезӣ идома дорад.  Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки новобаста аз он ки роҳрӯбон ба тоза кардани  кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шабу рӯз машғул ҳастанду баҳри тозагии шаҳр заҳматҳои зиёд мекашанд, аммо дар ин самт баъзе масъалаҳои нигаронкунанда ҷой доранд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки баъзе роҳрӯбон кӯчаву хиёбонҳоро рӯфта, баргҳои хазони онро дар каноре ҷамъ намуда, оташ мезананд, ки ин вазъи ҳавои шаҳрро вазнин менамояду он пеш аз ҳама,  ба саломатии инсон зарар дорад. Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ аз чандин кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан намудем ва бо масъулини ноҳияҳо, роҳрӯбон ва шаҳрвандон ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем;

Нигина Асоева,  роҳрӯби кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт     иброз дошт, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон тоза кардани хиёбонҳо барояшон хеле мушкил аст, онҳо шабона тақрибан аз соати 1-2 то соати 6 субҳ ва рӯзона аз соати 9 то 16 бегоҳ ба тоза кардани кӯчаҳо, яъне рӯфтани роҳҳо машғул ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ чун дар фасли тирамоҳ аз сабаби хазонрезӣ соати корияшон зиёд гардидааст, дар баробари ин баъзе шаҳрвандон низ  ба тозагӣ риоя накарда, кори онҳоро дучанд мушкил мегардонанд. Ҳол он ки дар ҳар нуқтаи шаҳр қуттиҳои махсусе ҳастанд, ки бе мамониат онҳо метавонанд партовҳои худро ба он партоянд. 

«Новобаста аз он, ки дар як шабонарӯз 3500 метри мураббаъ заминро мерӯбем, инчунин  баъзе мағозаҳо, бахусус, қассобхонаҳое ҳастанд, ки устухонпораҳои худро дар ҷӯйборҳо мепартоянд ва барои мо тоза кардани онҳо душвор аст. Боре аз якеаш хоҳиш кардам, ки партовҳояшонро бурда, дар партовгоҳҳо партоянд, аммо  ӯ дағалона ба ман рафтор карда, гуфт: “маош мегиред, вазифаатонро иҷро кунед“, ҳол он ки назди мағозаҳоро рӯфтан вазифаи мо нест.  Аз сабабе ки ҷӯйборҳоро  тоза кардан вазифаи мо аст, маҷбурем партовҳои партофтаи онҳоро тоза кунем.  

Бо ҷорӯби роҳрӯбӣ таъмин кардани роҳрӯбон вазифаи кист?

Нигина Асоева,  роҳрӯби яке аз кӯчаҳои пойтахт дар идомаи суханаш афзуд, ки дар як моҳ 667 сомонӣ маош мегирад. Ба қавли ӯ: «Хушбахтона, роҳкиро кам сарф мекунем, чунки автобусҳо ҳангоме ки дар тани мо либосҳои роҳрӯбиро мебинанд, аз мо пул талаб намекунанд,  лекин дар як моҳ барои ҷорӯб пули зиёд сарф мекунем, нархи  як ҷорӯби роҳрӯбӣ аз 8 то 10 сомонӣ аст, як ҷорӯбро, хусусан дар фасли тирамоҳ се ё чаҳор рӯз истифода мебарем, аз корхона ҷорӯби талхак медиҳанд, ки бо онҳо  рӯфта наметавонем, зеро тез мешикананд»,- гуфт  Нигина Асоева.
Дар ҳамин ҳол бо саркори роҳрӯбони кӯчаи Мирзо Турсунзода Гулчеҳра Алимуҳаммедова  ҳамсуҳбат шудем.  Мавсуф зикр намуд, ки роҳрӯбони онҳо  аз надоштани ҷорӯб танқисӣ намекашанд, зеро сари вақт онҳоро бо ҷорӯбҳо ва лавозимоти корӣ барои тоза кардани ҷӯйборҳо таъмин мекунанд. Номбурда гуфт, аз сабабе ки дар фасли тирамоҳ ҷорӯби зиёд сарф мешавад, онҳо кӯшиш доранд кормандонашонро  бо ҷорӯб таъмин намоянд. 

Экологҳо: сӯзонидани баргҳои хазон дар ҳавои кушод мумкин нест!

Саркори роҳрӯбони кӯчаи Мирзо Турсунзода Гулчеҳра Алимуҳаммедова  инчунин иброз дошт, ки баъзе роҳрӯбон кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро рӯфта, хазонрезаҳои ҷамънамудаашонро оташ мезананд, аммо онҳо пурра назорат мебаранд, то вазъи экологии шаҳрро вайрон накунанду ба мардум зарар нарасонанд.

«Ҳангоме ки роҳрӯбон баргҳои хазонро мерӯбанд, дар як ҷои муайян онро меғундоранд, баъдан аз корхона ба мо техника равон мекунанд, ки сарҷамъона хазонрезаҳоро  ба он бор намуда, бурда ба ҷойҳои махсусе, ки онҳоро месӯзонанд, партоем(?). Мо ҳеҷ вақт дидаю дониста ба ҷомеа зарар намерасонем»,- гуфт Гулчеҳра Алимуҳаммедова. 
Аммо ба гуфти экологҳо сӯзондани баргҳои хазон зери ҳавои кушод умуман мумкин нест, хоҳ дар шаҳр бошад, хоҳ берун аз он. 

Пас аз боздиди кӯчаи Мирзо Турсунзода рӯ ҷониби кӯчаи Садриддин  Айнӣ овардем, то вазъиятро дар ин маҳал бубинем, ки чӣ гуна аст. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон доданд, дар ин маҳалла роҳрӯбон ва шаҳрвандон саргарми кор ва  ба тозагии хиёбонҳои худ машғул буданд. Баъдан мушоҳида кардем, ки дар чанд нуқтаи ин маҳалла баргрезаҳоро оташ задаанду болои он шаҳрвандон партовҳои худро партофтаанд. 

Як истиқоматкунандаи кӯчаи Садриддин Айнӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар робита ба ин ҳолат гуфт, сараввал худи роҳрӯбон  дар ҳар нуқтаи кӯчаҳо баргрезаҳоро ҷамъ мекунанду оташ мезананд ва хокистари онро нагирифта, дафъаи дигар низ боз ҳамин корро такрор мекунанд, ки дар ин ҳол оҳиста -оҳиста он ҷо ба партовгоҳ мубаддал мегардад ва шаҳрвандон партовҳои худро ба партовгоҳи муқаррарӣ неву ба ҳамин ҷо оварда мепартоянд.

«Дар назди он партовгоҳе, ки роҳрӯбҳо ва шаҳрвандон худсарона ташкил намудаанд, боғча ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгиранд, ҳар гоҳе ки он хазонрезаҳоро оташ мезананд, аз дуди ғализи он на тирезаҳоямонро кушода метавонем, на фарзандонамон  ба кӯча баромада метавонанд. Онҳо фикр намекунанд, ки ин  ба саломатии инсон зарар дорад».  
Вақте ки  аз занҳои он маҳалла  пурсон шудем, ки ин хазонрезаҳоро кӣ оташ задааст,  аз чӣ сабаб бошад, яке инкор мекард, дигаре мегуфт, худи  роҳрӯбон сӯзонидаанд, саввумин кӯдаконро гунаҳгор мекард. 

Раиси маҳалла: Ба бурда партофтани хазонрезаҳо мо кор надорем

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар кӯчаи Садриддин Айнӣ на танҳо  як нуқтаи хазонрезаҳои ҷамъшударо оташ задаанд, балки хазонрезаҳои чандин ҷойҳо сӯзонида шуда буданд ва маълум гардид, ки чунин кор бори аввал  нест.

Фаришта Муҳаммадназарова, истиқоматкунандаи кӯчаи Садриддин Айнӣ, ки ба савдои кӯчагӣ машғул буд, гуфт: «Қариб ду рӯз аст, ин баргҳо, ки болои он шаҳрвандон боз партов партофтаанд, сӯхта истодаанд. Ҳеҷ кас намедонад инро кӣ оташ задааст. Аммо роҳрӯбон дидаю дониста хазонрезаҳоро рӯфта, болои ин оташ партофта истодаанду роҳбаронашон дар наздашон истода, ҳадди ақал намегӯянд, ки дар дигар ҷойи алоҳида ҷамъ кунанду мошини боркаш омада онро барад».

Дар ҳамин ҳол бо раиси яке аз маҳаллаҳои воқеъ дар кӯчаи  Садриддин Айнӣ Шариф Абдуҷаббор ҳамсуҳбат шудем. Раиси маҳалла аз сӯзонидани баргрезаҳо огоҳӣ надоштаасту ба гуфтаи ӯ шояд кӯдаке ин корро анҷом дода бошад. Аммо тавре ки мушоҳидаҳо нишон доданд, ақли инсонӣ намегирад, ки  кӯдак се-чор нуқтаи хазонрезаҳоро оташ занад, ин ҳам дар ҳоле, ки як нуқтаи он бори чандум аст, ки сӯзонида шудааст.

 «Вазифаи мо рӯфта тоза кардан буд, вазифаамонро иҷро кардем, акнун ба бурда партофтани ин хазонрезаҳо мо кор надорем»,- гуфт раисси маҳалла.

Аз мушоҳидаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки оташ задани хазонрезаҳо бори аввал  набуда, балки шаҳрвандон бо ин ҳолат рӯ ба рӯ гардида истодаанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, баъзе шаҳрвандон ва масъулин ин ваъзиятро инкор карданд. Аммо  аз суханҳои онҳо ба хулоса омадем ва маълум гардид, ки худи шаҳрвандон низ дар ин кор гунаҳгоранд. Сараввал роҳрӯбон дар як нуқта баргрезаҳоро ҷамъ мекардаанду баъдан шаҳрвандон низ партовҳои худро ба болои он оварда мепартофтаанду назди хонаҳои худро рӯфта, на дар партовгоҳ,  балки дар ҳамон нуқтаҳои хазонреза ҷамъ намудаи роҳрӯбон мепартофтаанд.  Дар сурати пешгирӣ нашудан ин ҳолат метавонад тамоми кӯчаҳои шаҳри Душанберо ба партовгоҳ мубаддал кунаду дуди ғализи онҳо ба саломатии мардум зарар расонад.
Тозагӣ гарави саломатӣ мегӯянд, аммо ин гуфта барои кормандони идораи коммуналию манзилии шаҳри Душанбе гӯё дахл надорад. 
Хонандагони гиромӣ, агар  шумо шоҳиди ҳолатҳои сӯзонидани хазонрезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шавед, пас ба рақамҳои 221 79 12 ва 223 04 17 занг бизанед. Мо ҳатман ин ҳолатро бартараф мекунем.

Агентии иттилоотӣ ва радиои «Ховар» мададгори ҳамаи онҳоест, ки мисли мо мехоҳанд аз ифлосшавии ҳавои боғшаҳри дилорои Душанбе пешгирӣ кунанд. Ба мо занг занеду дар ин кори барои ҳар як сокини пойтахт судбахш саҳмгузор бошед.

Мо пайваста ҳолати мазкурро пайгирӣ менамоем, зеро ҳифзи муҳити зист ва тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти кишвари азизамон-Душанбеи шукуфон  қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мост!
 

 

 

Декабрь 8, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд