Баҳси абёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар маҳфили «Оламафрӯз»
Оламафрӯз — армуғони ҳикмату шеъру сухан,
Оламафрӯз — армуғони оламорои Ватан.
Олами андешаҳову олами ангезаҳо,
Олами фазлу маонӣ, машъали сад анҷуман.
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо чунин мисраъҳои равону зебо оғоз гардид, маҳфили адабиву фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи “Оламафрӯз”. Он бо иштироки доираи васеи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуда, маҳфилоро шоири шинохта Хайрандеш ва базморо овозхони ансамбли «Сипар»-и ВКД Абдулхайри Муъмин буд, ки бо таронаҳои рӯҳбахшу дилнавозаш аз ғазалҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хотири ҳозиринро шод гардонид.
Маҳфил хеле ҷолибу шавқовар сурат гирифта, абёти зиёди ин шоири бузурги маънисаро аз ҷониби кормандони милитсия шарҳу тафсир ёфтанд. Роҳбаладони маҳфил, аз ҷумла Исмоил Пирмуҳаммадзода ба донишу маърифат ва фарҳангу маънавиёти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳои баланд дода, иброз намуд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки кормандони милитсия дар баробари меҳнату машаққати шабонарӯзӣ боз вақт ва имконият пайдо менамоянд, то ки маҳфилорои сухан бошанд.
Тавре масъулин иброз намуданд, “Оламафрӯз” тибқи тарҳи пешниҳодӣ ҳар моҳ як маротиба бо ширкати ҷамъе аз дӯстдорони каломи бадеъ, устодони донишгоҳҳо, шогирдон, хонандагон ва кормандони Китобхона баргузор мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






