Бахш оид ба корҳои дини Файзобод 22 машварати судманд доир кард

Декабрь 3, 2015 03:57

Файзобод, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахш оид ба корҳои  дини назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод соли равон  дар ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои таълимӣ  оид ба танзими  анъана ва ҷашну маросим,  камхарҷ гузаронидани  онҳо,  пешгирии  гаравидани  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистӣ  ва ифротгароӣ, хусусан ҷангҳои  дохилии Сурия, ки имрӯз баъзе ҷавонон  аз сабаби дур мондан  аз илму дониши муосир дар он ҷангҳои бемаънӣ ширкат варзида, ба номи миллати соҳибфарҳанги тоҷик иснод меоранд, бо сокинони шаҳраку деҳот, раисони  маҳаллаҳо, имомхатибони маасҷидҳои ҷомею панҷвақта  ва дигар фаъолони  маҳаллаҳо 443 суҳбату вохӯрӣ гузаронид.  
 Дар давраи ҳисоботӣ  бахш оид ба корҳои дини ноҳия   22 маротиба   машварат  доир намуда, дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои доимӣ  ва ҷамъиятӣ  санҷишҳои муштарак гузаронид, ки дар натиҷа  4 қонуншикании иттиҳодияҳои динӣ  ба қайд гирифта шуда, гунаҳгорон 1120 сомонӣ   ҷаримабандӣ шуданд.

 

Декабрь 3, 2015 03:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад