Баимзорасии Аҳднома аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 18 декабр вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин мулоқот доир намуда, ӯро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъул таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта истодаанд.
Зикр гардид, ки ҳамкории мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир натиҷабахш бошанд.
Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин Аҳднома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба дастрас намудани таҷҳизоти политсия дар доираи расонидани кумаки беғаразона ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






