Бар асари обхезӣ дар ҷануби Ҳиндустон 188 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 230 ҳазор нафар аз хонаю дар маҳрум шуд
Душанбе, 04.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи ду ҳафтаи охир дар музофоти Тамилнади Ҳиндустон бар асари обхезӣ қариб 188 нафар ҳалок гардида, беш аз 230 ҳазор нафар аз хонаю дар маҳрум шуд. Рӯзи чоршанбе пулиси маҳаллӣ дар ин бора хабар дод, иттилоъ медиҳад ТАСС.
Баландшавии бемисли сатҳи дарёҳо боиси боришоти шадид гардида, ҳукуматдорон маҷбуранд, ки вазъияти фавқулодда ҷорӣ намоянд. Маркази маъмурии музофот — шаҳри Ченнаи, ки 5 миллион аҳолӣ дорад, аз ҳама бештар зарар дидааст.
«Бисёр кӯчаҳо, аз ҷумла роҳҳои асосии мошингарди музофоти мазкур зери об монда, роҳҳои алоқа хароб гардида, 60 фоизи биноҳои атрофи шаҳр, ҳамчунин нисфи маҳаллаҳои он аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд, — шарҳ доданд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. — Корхонаҳои саноатии маҳаллӣ корро қатъ намуда, масоҳати зиёди фурудгоҳи Ченнаи ғарқи об шудааст. Парвози бисёр ҳавопаймоҳо ва ҳаракати қатораҳо манъ гардидааст». Дар деҳот дастаҳои наҷотдиҳандагон ва қисмҳои ҳарбӣ амал карда, мардумро аз ҷойҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Мувофиқи маълумоти охирин, то имрӯз ба онҳо муяссар шудааст, ки беш аз 3 ҳазор нафар осебдидагонро берун аз минтақаи офати табиӣ намоянд.
Назар ба пешгӯии ҳавошиносон, боришот дар ин минтақа тайи се рӯи наздиктарин давом мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






