Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Хабари сӯхтор дар платформаи нафти «Гюнешли» дар Баҳри Хазар, ки боиси талафоти одамон гардид, моро андӯҳгин кард.
Хоҳишмандам, ҷаноби Президент, тасаллияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, изҳори ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».
Ёдовар мешавем, ки 4-уми декабр дар платформаи баҳрии «Гюнешли»-и Озарбойҷон бар асари тӯфони шадид, ки ба хати газ осеб расонд, сӯхтор сар зад. Дар айни замон теъдоди бедаракгаштагон 29 нафар арзёбӣ шуда, ба ҷустуҷӯи онҳо чархболҳо, киштиҳо ва дастаи ғаввосон сафарбар гардидаанд.
Бино ба маълумоти ахир, ҷасади 1 нафар пайдо гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






