Баргузории чорабинӣ бо намояндаи «Ҳаракати ваҳдати миллӣ»

Декабрь 21, 2015 11:26

Ваҳдат, 21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи  Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  бо муовини  раиси  «Ҳаракати ваҳдати миллӣ» Рудобаи Мукарам   вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  омӯзгорон, донишҷӯён,  хонандагони синфҳои болоӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ ва сокинони шаҳр иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ Рудобаи Мукаррам  дар бораи истиқлолият  ва ваҳдати миллӣ  суҳбати пурмуҳтаво намуда,  ба саволҳои аҳли нишаст посух дод.
 Муовини раиси шаҳр Фарзона  Хоҷаева дар бораи дастовардҳои  даврони истиқлолият дар шаҳри  Ваҳдат,  мудири бахши кор бо занон ва оилаи  Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  Зарина Одинаева  доир ба баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа, маърифати ҳуқуқии занон ва пойдории  оилаҳои ҷавон  сухан гуфтанд.

Декабрь 21, 2015 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик