Баррасии бартарафсозии оқибати заминларза бо иштироки Сарвазири мамлакат дар Рӯшон

Декабрь 12, 2015 10:46

Душанбе, 13.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-Интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушони ВМКБ» ҷаласа баргузор намуд, ки дар он роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба зарардидагони зилзила дар вилояти Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 11-уми декабри соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон гуруҳи дуюми кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд, ки ба он роҳбарони аввали вазорату идораҳои марбута шомил гардидаанд. 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва гуруҳи кории ҳукуматӣ ба водии Бартанг, ки аз ҳама бештар хисорот дидааст, сафар намуда, бо аҳолии аз заминларза зарардида мулоқот анҷом доданд. Ба аҳолии зарардида кӯмакҳои Сарвари давлат расонида шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ низ ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рушон кумаки молӣ расонида шуд.
Зимни сафари корӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонаи корманди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Шогунбеков Илҳом Таслимбекович — нозири минтақавии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Рушон рафта, ба аҳли оилаи ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, миқдори муайяни пулӣ кӯмаки молӣ расонид.
Ёдовар мешавем, ки тахминан соати 02:00-и шаби 8-уми декабри соли 2015 дар деҳаи Аҷирхмии ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, автомашинаи гуруҳи фаврӣ-тафтишотии ШВКД дар ноҳияи мазкур, ки бо мақсади муайян намудани зарар аз офати табии заминларза ва расонидани кӯмак ба мардум сафарбар гардида буд, зери сангреза монда, дар натиҷаи он лейтенанти милитсия Шогумбеков Илҳом Таслимбекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯшон, оиладор соҳиби 2-фарзанд, бо бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Инчунин 4 нафар кормандони  дигари ШВКД дар ноҳияи Рушон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Айни замон, сафари гуруҳи корӣ ба ВМКБ идома дорад.

 

Декабрь 12, 2015 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!