Баррасии масоили вобаста ба сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Файзобод
Файзобод, 12.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод дар сатҳи маҳаллӣ вобаста ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, коршиносон, роҳбарони ширкатҳои туристӣ ва намояндагонни ВАО семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар семинар муовини раиси ноҳияи Файзобод Сайбинисо Раҷабзода ва Фаррух Иззатуллоев, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи хизматрасонӣ ба сайёҳон ибрози ақида карданд.
Инчунин декани факултети география ва туризми ДДОТ ба номи С.Айнӣ Амриддин Самиев дар мавзӯи » Реҷаи маводи туристӣ ҳангоми сафар», устоди калони кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовид Завқов дар мавзӯи «Бехатарии туристон дар минтақаҳои душворфатҳ», директори Осорхонаи ноҳияи Файзобод Фирӯзи Хайруллозод дар мавзӯи » Бехатарии фаъолияти осорхонавӣ ва намоишӣ», директори ширкати туристии » Памир Сил Тревел» Шагарф Муллоабдол дар мавзӯи » Риояи қоидаҳо ва бехатарии сайёҳон ҳангоми баромадан ба кӯҳ», устоди калони кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва туризми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Махсуд Ҳабибуллоев дар мавзӯи «Таъмини бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда » маърӯза намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






