Баррасии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -15 декабри соли 2015, дар Маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 тасдиқ гардидааст, Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкур (САММИТ — 5) баргузор хоҳад шуд.
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии кишвар, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳо, ҳамкорон оид ба рушд ва ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок хоҳанд кард .
Дар ин ҳамоиш дастрвардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи“Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар солҳои 2010-1015 баррасӣ хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат дар доираи чорабинӣ соати 10-50 барои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ нишастӣ матбуотӣ доир мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






