Беш аз 8 миллиард сомонӣ дар Буҷети давлатӣ ба бахши иҷтимоӣ равона мегардад

Декабрь 1, 2015 10:03

Душанбе, 01.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар  нимаи дуюми моҳи ноябр вакилони  палатаи  поёнии Парлумони  Тоҷикистон  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2016-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои  маблағгузорӣ 18 миллиарду 305 миллиону 842 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. 
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии кишвар барои соли 2016 -ум 18 миллиарду 594 миллиону 441 ҳазор сомонӣ  муқаррар  шудааст. Бояд тазаккур дод, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 мисли солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии худро ҳифз намуда, ба ин самт 8,3 миллиард сомонӣ равона мешавад. Аз ҷумла,  ба соҳаи маориф  3,1 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,3 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва  таъминоти нафақа беш аз 3 миллиард сомонӣ нигаронида мешавад. Инчунин ба бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал 661,8 миллион сомонӣ, комплекси сӯзишворию энерегетикӣ беш аз 4 миллиард сомонӣ, бахши кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об 430,2 миллион сомонӣ,   истихроҷ ва коркардаи канданиҳои фоиданок, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмон 121,1 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 864 миллион  сомонӣ ва ба дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва хизматрасонӣ 38 миллиону 378 ҳазор сомонӣ равона  карда мешавад.                                     
Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ  барои соли 2016  0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/  ё ба маблағи 288 миллиону 599 ҳазор сомонӣ  муқаррар гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки пӯшонидани касри буҷет аз ҳисоби даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ, даромад аз фурӯши  векселҳои хазинадорӣ, депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет ва қарзҳо (грантҳо) аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва Фонди Авруосиёии устуворгардонӣ  ва рушд  пешбинӣ шудааст.  

Декабрь 1, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст