БМТ: Чораҳои таъсиррасонӣ нисбат ба 22 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъор
Душанбе, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-1 декабри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон барои даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ин дафъа нисбат ба 22 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти қарзӣ, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намуд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои гурӯҳи фаврии муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАҚХ “Васлат” ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ошкор шуданд.
Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ тавсия дод, ки то дастрас намудани дастури иловагӣ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ додаанд, ба кор қабул накунанд.
Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” чораҳои таъсиррасонӣ, аз қабили ситонидани ҷаримаҳои калонро татбиқ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






