БМТ: Мулоқот бо ҳайати бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аввали моҳи декабри соли равон ба Душанбе ташрифи корӣ ба амал овард ва то 16 декабр фаъолияти худро идома медиҳад.
Дар доираи ин сафари корӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати бисёрнафараи бахши молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба баррасии барномаи сесолаи чораҳои маблағгузории сиёсати рушд ва таҳияи барномаи дастгирии техникии Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ролф Берндт мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро асосан дар чорчӯбаи андешидани чораҳо барои амалӣ намудани барномаи номбурда ва натиҷаҳои барномаи маблағгузорӣ дар бахши рушд муҳокима намуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев зимни мулоқот иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани механизмҳои таъмини устувории молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, дар бонк Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо ташкил шуда, аллакай фаъолият дорад. Масъалаи дар назди Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намудани Кумитаи суботи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва корҳо дар самти омода кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”ҷараён доранд.
Роҳбари бахши молиявии ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ролф Берндт дар навбати худ таъкид кард, ки Бонки ҷаҳонӣ маҳз бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳама он барномаҳои мушаххасу муайяншудаи низоми бонкӣ кумаки техникӣ пешниҳод менамояд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаи судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






