Бозомӯзии мутахассисони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2015 12:31

Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вобаста ба ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  29 декабр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани Шаҳодатнома ба мутахассисони соҳаи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки аз аввали моҳи октябр то охири декабри соли равон дар Литсеи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани ш. Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, доир гардид.
Инчунин мутахассисони мазкур дар муассисаҳои КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон барои дарёфти малакаи касбӣ ба омӯзиши амалӣ фаро гирифта шуданд.
Дар маросими супоридани Шаҳодатнома муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Ёрова донишҷӯён ва коршиносони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба даргоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, дар мавриди  рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвари дӯст, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан гуфт.
Дар маросими супоридани Шаҳодатнома ба 28 таҷрибаомӯз сардори Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

 

Декабрь 29, 2015 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд