Чорабинӣ дар қисми низомии 02011 дар Ҷиргатол
Ҷиргатол, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи соли нави мелодӣ дар қисми низомии 02011-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Лахши ноҳияи Ҷигатол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорон дастархони идона кушода шуд. Дар чорабинӣ раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд. Дар чорабинӣ ҳамаи хизматчиёни ҳарбии кисми низомии мазкурро бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ намуданд.
Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол 26 декабри соли 2015 дар қисми низомии 2120 марбут ба қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли нави мелодӣ чорабинии идона доир мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






