Дар АНМН бухории нав барои сӯзонидани маводи нашъаовар шинонида шуд
Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар охири соли 2001 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бухории нахустин шинонида шуд, ки танҳо барои сӯзонидани маводи нашъаовар пешбинӣ шуда буд.
Дар давоми понздаҳ соли охир дар ин бухорӣ зиёда 15 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шуд, бинобар ин иқтидори он ба итмом расид.
Тобистони соли ҷорӣ дар ҷаласаи гурӯҳи кории байналмилалӣ қарор қабул шуд, ки дар агентӣ бухории нави пуриқтидор шинонида шавад.
Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои ин мақсад маблағ ҷудо намуд. Тирамоҳи соли ҷорӣ бухории кӯҳна пурра вайрон карда шуда, дар ҷойи он бухории нав сохта шуд.
5 декабри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин шабакаҳои телевизионӣ ва хабарии ватанию хориҷӣ маводи нашъаовар аз рӯи 18 парвандаи ҷиноие, ки нисбат ба онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардаанд, сӯзонида шуд.
Маводи нашъаовар бо мақсади санҷиши сифати кории бухорӣ ва омодагии он сӯзонида шуд. Барои санҷиш як миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ҷудо карда шуд, ки аз намудҳои гуногуни маводи нашъаовар иборат буданд ва барои муайян намудани суръати нобуд кардани мавод пешбинӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






