Дар аснои ҳамла ба Багромӣ 6 хидматчии НАТО ба ҳалокат расид
Душанбе, 23.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба хабари намояндагони расмии ҳайати «Дастгирии қатъӣ», теъдоди хидматчиёни ба ҳалокатрасидаи НАТО бар асари ҳамлаи худкуш дар наздики пойгоҳи ҳавопаймоии Багромӣ ба 6 нафар расид.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пештар дар вилояти Парвон як посбони пиёдагарди амрикоӣ дар ҳудуди пойгоҳи зикршуда дучори ҳамлаи худкуш гардид. Масъулияти таркишро намояндагони ҷунбиши «Толибон» ба дӯши худ гирифтанд.
Пештар маълумот дар бораи ҳалокати 5 нафар хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ дастраси матбуот гардида, вале баъдан намояндагони қувваҳои эътилоф изҳор доштанд, ки шумораи ҳалокшудагон назар ба маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ бештар буд.
Мувофиқи ҳисоботи намояндагии НАТО, дар ҳоли ҳозир тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дошта, аз рӯи натиҷаи он маълумоти иловагӣ марбут ба ҳолатҳои ҳамла интишор мегардад, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Хома пресс».
Дар натиҷаи таркиш ғайр аз 6 нафар ҳалокшудагон 6 нафари дигар захм бардоштаанд, ки 3 нафарашон аъзои ҳайати «Дастгирии қатъӣ» ва 3 нафари дигарашон хидматчиёни пулиси Афғонистон мебошанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






