Дар Чин ҷавонмард баъд аз 67 соат пас аз фуромадани ярч наҷот ёфт
Душанбе, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар шаҳри Шенчжени Чин (музофоти Гуандун) ҷустуҷӯи 70 нафар гумшудагон дар минтақаи ярч фуромада идома дорад. Чунонки ТАСС бо ишора ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад, наҷотдиҳандагон ҷавони 19- соларо наҷот доданд, ки муддати 67 соат дар зери харобаҳо қарор дошт. Ҷавон ба бемористон расонида шуд.
Дар амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ тақрибан се ҳазор нафар иштирок доранд ва 330 воҳиди техникӣ ҷалб шудааст. Ҳукуматдорон 600 нафар сокинонро бо манзил таъмин намуданд, 900 нафари дигар кӯчонида шуданд. Зимнан, чунонки мутахассисон хабар медиҳанд, хатари дубора фуромадани ярч аз эҳтимол дур аст.
Фуромадани ярч субҳи якшанбе бо вақти маҳаллӣ дар Боғи саноати Люксӣ ба амал омад. Ба гуфтаи намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ, хокҳои фуромада 380 ҳазор метри мураббаъ масоҳати заминро фаро гирифтанд, ки ғафсии қабати хок дар баъзе ҷойҳо ба 10 метр мерасид. Ярч 33 биноро ба шикасту харобии сахт оварда расонид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






