Дар Душанбе машваратҳо доир ба муҳоҷират ба Тамбов баргузор шуданд
Душанбе,02.12.2015.(АМИТ«Ховар»).- Машваратҳо барои ҳамватанони муқимии Тоҷикистон оид ба масъалаи муҳоҷират ба вилояти Тамбов дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Федератсияи Русия» 1 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.
Имрӯз дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе роҳбари ноҳияи Петрови вилояти Тамбов муаррифии иқтидори иҷтимоию иқтисодии Тамбовро доир намуд.
Бояд гуфт, ки вилояти Тамбов -субъекти Федератсияи Русия буда, ба ҳайати округи федералии марказӣ дохил мешавад. Маркази маъмурӣ шаҳри Тамбов аст. Онро вилоятҳои Рязанск, Пензенск, Саратовск, Воронежск ва Липетск иҳота кардаанд. Шумораи аҳолии вилоят тибқи Кумитаи давлатии омори Русия 1 млн. 062 ҳазору 421 нафарро дар бар мегирад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






