Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Душанбе, 25.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 24-25 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Ҳайатҳои ду кишвар таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Масоили рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳо, тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ташаккулёфта мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манфиати ҷонибҳо барои татбиқи неруи мавҷуда баҳри васеъ гардонидани номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳо дар тиҷорати мутақобила таъкид шуд. Зикр гардид, ки ҷаласаи рӯзҳои 23-24 июни соли 2015 баргузоргардидаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон имкон дод, ки ба соҳаҳои ҳамкории мавриди ниёзмандии бештар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.
Тарафҳо омодагии хешро барои густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ изҳор намуданд.
Ҷонибҳо атрофи масоили дурнамои рушди минбаъдаи СҲШ ва ИДМ, ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои мазкур табодули афкор карданд. Ҷониби тоҷикистонӣ ба кӯшишҳои Узбекистон барои таҳкими иқтидори СҲШ баҳои баланд дод. Ҷониби Узбекистонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии раисии Узбекистон дар ин созмон арзи сипос намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти машваратҳои мунтазами сиёсиро чун омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






