Дар Хуҷанд ситоди махсус ба кор оғоз кард
Хуҷанд, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди шаҳрдорӣ ситоди махсуси бартараф намудани ҳолатҳои дар натиҷаи хунукӣ, барфрезӣ ва яхбандии роҳу иншооти ҳаётан муҳими маркази вилоят ба амал омада ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба ҳайати ситод роҳбарони воҳидҳои сохтори дахлдори хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, идораи роҳсозӣ, партовкашонӣ, идораи барқ, «Хуҷандобуканал» шомил буда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст.
Ҳамзамон дар назди ситод 8 корманд бо 4 воситаи техникии барфтозакунӣ, нақлиёти боркашонии маводи зидди лағжиш ва трактор ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар мавридҳои зарурӣ роҳҳои шаҳрро аз барф тоза ва бехатарии роҳҳоро таъмин хоҳанд кард. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷаи шаҳр зиёда аз 500 тонна маводи зиддилағжиш ва 200 бели барфтозакунӣ харид шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






