Дар шимоли Фаронса як пайрави «Давлати исломӣ» бо корд ба муаллим ҳамла кард
Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Дар шимоли Фаронса як мард бо корд ба муаллими кўдакистон ҳамла кард. Дар ин бора «Reuters» иттилоъ медиҳад.
Ҳамлагар, ки зуд фирор кард, фурсат ёфт худро аз номи «Давлати исломӣ» муаррифӣ намояд. Ин ҳамла пас аз як моҳ аз силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Париж сурат гирифт.
Бино ба маълумоти ВВС, ҳамлагар бе ягон яроқ вориди кӯдакистон шуда, ҳангоми ҳамла ба муаллим, ки дар синфхона танҳо буд, аз ашёи нахустини ба дасташ афтода истифода кард. Ӯ пеш аз ҳамла бо нидои «Ин «Давлати исломӣ» аст! Ин огоҳӣ аст!» фарёд мезанад.
Муаллим аз гулӯяш ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуд. Ба иттилои «Le Figaro» ба ҳаёти ҷабрдида хатар таҳдид намекунад.
Ба ҳамлагар муяссар шуд, ки фирор кунад. Бино ба иттилои расонаҳо, ӯ воситаи нақлиёт надошт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки фаъолияти зиддитеррористӣ мебаранд, ба ҷустуҷӯи пайрави ДИ оғоз кардаанд.
Ҳамла ба муаллими кўдакистон дар коммунаи Обервиле, ки бо Сен-Дени Париж ҳамсарҳад аст, рух дод.
Пештар полис дар ин ҷо барои дастгир кардани иштирокдорони силсилатаркишҳои террористӣ дар Париж амалиёти зиддитеррористӣ анҷом дода буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






