Дарсгурезе, ки IQ-аш аз Эйнштейн баландтар аст, ба Оксфорд даъват карда шуд
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Духтараки бритониёӣ Никол Баррро, ки натиҷаи санҷиши IQ-аш баландтар аз Алберт Эйнштейн ва Стивен Хокинг аст, ба таҳсил дар Донишгоҳи Оксфорд даъват карданд.
Барри сездаҳсола нақша дорад, ки ба омӯзиши тибб машғул шавад. Ӯ ҳисобро дар 2-солагӣ омӯхта, дар 10-солагӣ аллакай масъалаҳои мураккаби алгебравиро ҳал мекард, менависад «The Mail Daily».
Нашрия зикр менамояд, ки бо вуҷуди ин Барр дар мактаб зуд-зуд ба машғулият ҳозир намешуд. «Ман давомоти на он қадар хуб доштам, модарам маро маҷбур мекард, ки ба мактаб равам», — нақл кард духтарак.
Коэффитсиенти зеҳнӣ (IQ) — и духтарак аз рӯи натиҷаҳои санҷиши «Mensa» 162 холлро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ду хол беш аз Эйнштейн ва Хокинг мебошад. Ҳисоби миёнаи IQ-и калонсолон 100 хол аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






