Дарёфти маводи мухаддир аз бордони мошини «Дулон»
Душанбе 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи-Поён интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ карданд. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, кормандони Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Хатлон мошини тамғаи «Дулон»-ро, рақами қайди давлатӣ ТҶ 51 99 АМ 03, ки ба шаҳрванд «З.А.» тааллуқ дорад, бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд. Дар натиҷаи гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз таги бордони воситаи нақлиёти мазкур дар як бастаи полиэтиленӣ маводи хокистарранги бўи ғализдоштаи монанд ба маводи мухаддир дарёфт шуд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки маводи дарёфтгардида ба бародари ронанда сокини шаҳри Қурғонтеппа «З.М.» тааллуқ дошт, ки мехост онро ғайриқонунӣ аз тариқи сарҳади гумрукӣ интиқол бидиҳад.
Мутобиқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи кимиёвии гузаронидашуда, маводи дарёфгардида навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 649,7 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






