Дастгир гардидани гумонбар ба дуздӣ
Душанбе,23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -5- уми декабр дар автовокзали маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили борхалтаи сокини 31-солаи ноҳияи Айнӣ ҳангоми хоб буданаш, маблағи пулии 1000-сомонӣ, як телефони мобилии тамғаи “Нокия С-5”, либос ва молу ашёи рӯзгор, ҷамъ ба маблағи умумии 2018 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ пас аз чанд рӯз бо гумони дуздӣ сокини 45- солаи шаҳри Хуҷанд дастгир шуд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






