Дастгирии лоиҳа бобати таъминот бо техникаи кишоварзӣ

Декабрь 24, 2015 09:22

Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди  чорводорӣ  ва чарогоҳҳо» барои рушди устувори чарогоҳҳо ва  соҳаи чорводорӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Бо мусоидати Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияҳои Шӯрообод, Темурмалик, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ташкил гардидааст. 
 Бо мақсади дастгирии ҷамъиятҳои мазкур аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 21 — 22 декабр ба ноҳияи Шӯрообод 5 трактор ва 3 ядак, ба ноҳияи Темурмалик  11  трактор ва 3 ядак, ба ноҳияи Муъминобод 17 трактор ва 14 ядак, ба ноҳияи Балҷувон 12 трактор ва 8 ядак ва ба ноҳияи Ховалинг 19 трактор ва 7 ядак, дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии  сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» 5 трактор ва як адад ядак, дар  маҷмӯъ 69 трактори тамғаи МТЗ ва 36 ядак дастрас гардид. 
 Истифодаи мақсаднок ва самараноки техника ва мошинолоти кишоварзӣ имконият дод, ки  мушкилоти мавҷудаи хоҷагидорон дар деҳот бартараф шуда, дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбатан афзун гардад. Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута чорабиниҳои лоиҳавиро амалӣ намуда, дар оянда низ тибқи нақшаи татбиқи лоиҳа тасмим гирифта шудааст, ки барои рушди чорводорӣ, таъминот бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, барқарор сохтани инфрасохтори деҳот, сохтмони нуқтаҳои байторӣ, гузаргоҳҳо, хушзотгардонии чорвои маҳаллӣ ва ривоҷи боғдорӣ чорабиниҳои зарурӣ амалӣ шаванд.  

 

Декабрь 24, 2015 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1185 нафар занон беш аз 29 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст