ДМТ: Сифати моддиву техникии расонаҳо бояд пурзӯр карда шавад
Душанбе, 5.12. 2015. (АМИТ «Ховар»).-«Журналистикаи чандрасонаӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро журналистикаи дигар кишварҳо аллакай чандрасонаӣ шудаву журналистикаи мо хеле қафо мондааст. Дар Тоҷикистон аввалин интернет-журналистика аз соли 2004 оғоз шудааст, вале то ин муддат мо ягон расонаи пурра мултимедиявӣ надорем. Сабаби аслии ин имкон надодани базаи моддиву техникии расонаҳо аст. Вале он расонаҳое, ки чунин имконият доранд, ба монанди телевизионҳо, аз ин имконият хуб истифода намебаранд»,- гуфт профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муқим Муқимов дар конфронси ҷумҳуриявии «Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо», ки имрўз дар факултаи журналистикаи ДМТ баргузор гардид.
Ҳамчунин дар конфронс гуфта шуд, ки барои журналистикаи чандрасонаиро ба роҳ мондан, пеш аз ҳама, заминаи моливу техникии расонаҳо бояд пурқувват карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






