Дурнамои сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2016 нашр гардид
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” аз 2 декабри соли 2015 дар бахши “Сиёсати пулӣ”-и сомонаи бонк нашр гардид.
Ҳуҷҷати мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия гардида, ҳар сол аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мегардад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, он самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатро бо назардошти татбиқи воситаҳою тадбирҳои пешбинигардида барои расидан ба мақсади асосии нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо муайян менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






