Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллӣ ва ифтихори тоҷикон

Декабрь 18, 2015 08:13

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Эълони Президенти кишварамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба сифати   Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат имрўз барои миллати тоҷик  як амри таърихиест, ки он барои   хизматҳои бузурги  ў  ба  миллат ва аз  вартаи  ҳалокат баровардани  Тоҷикистони азизамон  мебошад. Агар  аз рўи дарки ҳақиқат хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди  сарвариаш зам  намоем, пеш аз ҳама,  қобилияти баланд ва касбияти сиёсии  ў ҳамчун  пешвои сиёсӣ  пеши назар меояд, ки ин боиси эҳтирому  ифтихору дастгирист.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи сарварӣ, пешвоӣ ва роҳбарӣ  таърихан дар тафаккури сиёсӣ  ва хотираи таърихии  тоҷикон нақши муҳим доштааст, ки инро дар айни ҳол аз мадди назар ва тадқиқоти  илмӣ  дур кардан  ғайриимкон аст. Албатта, хусусиятҳои миллии тоҷикон  дар шинохт, интихоб ва эҳтироми   бузургон  назар ба дигар миллату халқиятҳои бодиянишин фарқиятҳои мухталиф доранд. Аммо  таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки  дар бисёр ҳолатҳо  аз даст додани кишвару тамаддуну  дигар  арзишҳои миллӣ  аз надоштани  рўҳи қавии  миллӣ ва  камёфт будани сарварони   шуҷою сарсупурдаи миллат низ  вобастагӣ дорад. 
Дар фаҳмиши илмҳои сиёсӣ пешвои миллат сарвари сиёсиест, ки роҳбарии  ҳокимияти давлатиро ба дӯши худ дорад. Ҳамзамон ин як намунае аз нуфузҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар он пешво ҳамкории мардумро барои пайдо намудани  ҳадафҳои  миллӣ  талаб менамояд.   Рисолати пешвои  миллат ҳамчун  сарвари сиёсӣ  барои  ҳамкории  довталабонаи миллати худ ҳама гуна ихтиёр ва қудратеро, ки дорад , бештар бо хислатҳои  шахсии хеш, бо маҳоратҳои иҷтимоӣ  такмил дода, ба нафъи мардум ва рушди кишвар  сафарбар менамояд.  Новобаста ба ин, дар ҷомеаи дунявии ҳуқуқбунёд нисбат ба  чунин  мансабу унвону ҷойгоҳ  андешаҳои гуногуне  пайдо мегарданд, ки  шарҳу эзоҳи онҳо бештар  ба маҳбубият ва арзанда будани шахсият вобастагӣ  дорад. Дар  ин росто  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ  Раҳмон пешвои  эътирофёфтаи  давлатӣ, кафили  сулҳу ваҳдати тоҷикон, эҳёгари   саҳифаҳои аз ёд рафтаи таърихи  миллат аст, ки ў ниёз ба  сарварисозиро  надорад. Имрўз қабул ва эътирофи падидаи  пешвоӣ  зарурати марҳилаи эҳё  ва дастоварди нави бунёди давлати  миллӣ  аст.  
Пўшида нест, ки дар шароити   таѓйироти нави  ҷаҳонӣ,  дар бисёр  кишварҳои рушдёфта  бештар ба  инкишофи  иқтисодиёти кишвар  таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақши  шахсият  мартабаи дуюминдараҷаро касб менамояд, зеро дар  чунин кишварҳо механизми  асосии  иктисодиёт гардиши пулу мол  ва истеҳсолот  дуруст ба роҳ монда шудааст. 
Дар кишварҳои рў  ба инкишоф  ва  тозаистиқлол бештар  масъалаи муттаҳидсозӣ, сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, тамомияти  арзӣ  ва ҳувияти миллӣ  дар ҷои аввал истода, нақши сарвар, роҳбар ва ё пешво барои  рушди кишвар  муҳимияти махсус дорад.Чунин ҳолатро мо дар бисёр кишварҳои дуру ҳамсоя мушоҳида карда метавонем. 
Бояд гуфт, ки  мардум дар бисёр ҳолатҳо сарвареро эҳтирому  БА ӯ итоат мекунанд, ки ба чӣ кор қодир буданашонро медонанд ва дар лаҳзаҳои  мушкил  ба хотири   уҳдабаро буданаш   ба ў  бовар  доранд.        Президенти  кишвари мо аз зумраи чунин  сарваронест, ки  дар байни мардум  эътибор, ҷасорат  ва рўҳи қавӣ доштанашонро эътироф менамоянд. Албатта, бози давлат ба китфи  нафаре  беҳуда   намешинад. Шояд  яке аз  хусусиятҳои   пешвоӣ   ҳам дар ҳамин  бошад. 
Бартарии  дигари  Пешвои  миллати  тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар  он  аст, ки ў дар рафтору кирдор  намунаи ибрат буда, дасту қалби пок дорад. Пешвоёни миллат   дар тўли  фаъолияти  корашон  дар  тарбияи мутахассисони  болаёқат, кордон ва уҳдабаро  саҳми арзанда гузошта, мактаби  давлатдории  миллиро эҳё намуданд, ки  он барои ояндаи давлат  хеле арзишманд аст.
  Бояд зикр кард, ки  дар ҳолатҳои мушкил нишон додани  сарсупурдагию  далерӣ  дар замири шахс ҳисси махсуси  тавонмандиро пайдо намуда,  оҳиста-оҳиста он ба сатҳи баланди зоҳиршавии ҷасорат ва садоқати инсонӣ оварда мерасонад.
Бузургии чунин шахсиятҳо бештар дар фаъолияти корияшон ҳувайдо мегардад. Барои мисол як вохўрии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмонро  дар Хосдеҳи Афѓонистон пеши назар меорем, ки ин намунаи  олии ҷасорат  ва худгузаштагии  як фарди тоҷик буд.  Ҷасорати як нафаре, ки бо рўҳи қавӣ дар масири соҳибистиқлолӣ мушкилиҳои зиёдеро ба дӯши худ гирифта, ҳамватанони  моро аз ғурбат ба Ватан баргардонида тавонист. 
Ба андешаи мо, рисолати пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин  дар он аст, ки ў на танҳо нотиқу  суханвари тавоно, балки дар байни мардум соҳиби эҳтирому маҳбубияти зиёде  мебошад. Сарвари соҳибэҳтиром ҳамеша роҳбари муваффақу  бомартабае  мегардад, ки  эҳтироми миллатро нисбат  ба хеш  афзун мегардонад. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти эътирофшудаи халқ ва меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон, балки шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва пешниҳоди масъалаҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши  махсус дорад.
Бояд тазаккур дод,  ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  асосгузори сулҳ ва ваҳдат,  пеш аз ҳама, қобилияти дурусти баҳо додани ҳолатҳои ѓайричашмдошт ва ба таври фаврӣ андешидани тадбирҳои муассирро  дорад. Пешвои сиёсие, ки мисли ў  рўҳи қавӣ  ва ҷасорати  миллӣ дошта бошад, ҳатто ҳузурашон аллакай  руҳияи  мардумони ноошноро мешиканад. Қобилияти рўҳи қавии  сарвар, пеш аз ҳама,  бовар доштани ў  ба худ  мебошад. Сарфи назар  аз  риштаи  тахассус масъулияти сарварӣ ва  ѓайрату матонати шахсӣ  муҷиби он мегарданд, ки роҳбар  аз дигарон бофаҳмтару қавитар  гашта,  сифатҳои  бештари сарвари харизматикиро дарбар мегирад.
Умуман, пешвои  баркамол  мисли чароѓи равшанест, ки  бо  равшании худ  торикиро равшану инсонҳоро ба қуллаҳои мурод роҳнамун мегардонад. 
 Хулоса,  дарёфти  асрори  падидаи пешвои  сиёсӣ   ҷанбаҳои  нуҳуфтаи  зиёде дорад, ки  аз  қобилияти шахс , таълиму тарбия ва муҳити  зиндагии  инсон  вобастагӣ дорад. Аммо марди шуҷоъ ҳамеша дар масири таърих табиати  сарварӣ  доштааст ва  дар байни мардум  соҳиби  эҳтироми  зиёде будааст ва  он шуҷоату  ҷасоратмандӣ  имрўз  низ  хоси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
 Бояд гуфт, ки дар асри ХХI  пешвои сиёсӣ  будан ба Президенти  кишварамон Эмомалӣ Раҳмон  боз  як масъулияти  наверо  вогузор  менамояд, ки бештар хусусияти геополитикию геостратегиро дар бар мегирад. Ҳамзамон бо бовари комил  гуфта метавонем, ки дар  вазъияти  пуртаззоду зудтаѓйрёбандаи ҷаҳони имрўза,  интихоби  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  асосгузори сулҳ ва ваҳдат, пешвои миллат барои мо зарурати  таърихию сиёсӣ дошта, барои таъмини амнияти кишвар  ва ҳимояи манфиатҳои  ҳаётан муҳим  аҳамияти  бузург дорад. Пешвои миллӣ  будани  Президенти кишварамон имрўз  имтиҳону ифтихор ва вазифаи таърихиест, ки барои  ояндаи  давлатдории миллӣ  муҳимияти  махсус дорад. 
Маҳмадов А.Н. – Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ,  доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.

 

Декабрь 18, 2015 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад