Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт

Ноябрь 11, 2025 14:24

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии забони русии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Марказ бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ таъсис ёфтааст.

Маркази нав бо ҳадафи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва дӯстона байни мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таъсис дода шудааст. Инчунин дар он  маҳфилҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, филмҳои русӣ, барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳои илмӣ баргузор карда мешаванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз карда шавад.

Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

Ноябрь 11, 2025 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид