Эрдуғон: неруҳои Туркия бо дархости ҳукумати Ироқ ба ин кишвар дароварда шуданд
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон изҳор дошт, ки неруҳои Туркия бо дархости Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ ба ин кишвар ворид шуданд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира».
«Неруҳои Туркия бо дархости Ҳайдар ал-Абадӣ, ки соли 2014 муроҷиат карда буд, дар пойгоҳе дар минтақаи Башикаи атрофи шаҳри Мосули Ироқ ҷойгир карда шуданд. Чаро ӯ аз соли 2014 ин ҷониб хомӯш буд?», гуфт Эрдуғон.
Чанде пеш ҳукуматдорони Ироқ ба НАТО муроҷиат карданд, ки Туркияро маҷбур созад фавран неруҳояшро аз қисмати шимолии ин кишвар барорад.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми декабр неруҳои Туркия ба минтақаи шаҳри Мосул ворид шуданд. Бино ба маълумоти ҷониби Туркия, онҳо сарбозони ироқиро таълим медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Бағдод вуруди неруҳоро таҷовуз арзёбӣ намуда, аз Туркия талаб кард, ки неруҳояшро аз ин кишвар барорад. Эҳтимол меравад, ки ҳоло дар Ироқ қариб 150 ходими ҳарбии Туркия қарор доранд.
.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






