Фаронса киштии «Шарл де Голл»-ро ба Халиҷи Форс мефиристад
Душанбе, 05.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Киштии интиқолдиҳандаи ҳавопаймоҳои ҳарбии «Шарл де Голл», ки дар баҳри Миёназамин аст, ба Халиҷи форс кӯчонида мешавад. Дар ин бора Президенти Фаронса Франсуа Олланд изҳор дошт.
Киштӣ пас аз силсилаи амалҳои террористӣ дар Фаронса, ки шаби 13 ба 14 ноябр рух доданд, ба баҳри Миёназамин равона шуд. Дар ин таркишҳо, ки онро террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифтанд, 130 нафар қурбон гардид.
Миёнаҳои моҳи ноябр киштӣ пас аз ба роҳ мондани робита бо киштиҳои Флоти ҳарбӣ-обии Русия ба баҳри Миёназамин оварда шуд.
Бино ба иттилои RFI, дар киштии «Шарл де Голл» 26 ҳавопаймо қарор дорад. 23 ноябр қиркунандаҳои Фаронса, ки аз ин киштӣ парвоз карданд, ба мавқеъҳои ҷангиён чандин зарба заданд.
Дирӯз НҲҲ Фаронса ба қаламрави зери тобеияти ДИ дар Либия аввалин парвозҳои иктишофӣ анҷом доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






