Фарзод аз мусобиқаи байналхалқӣ оид ба каратэ медали нуқра гирифт
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Варзишгари номӣ Фарзод Нуруллоев аз мусобиқаи байналхалқӣ оид ба каратэ, ки дар давлати Беларус ҷараён гирифт, бо сарбаландӣ ба Ватан баргашт.
Мусобиқаи байналмилалӣ рўзҳои 19-22 ноябр бо иштироки варзишгарони номӣ аз давлатҳои мухталиф баргузор гардид. Фарзод Нуруллоев дар давраи нимниҳоӣ ва муҳорибааш бо намояндаи Украина аз дасти росташ ҷароҳат бардошта, сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра шуд.
Фарзод Нуруллоев Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи I-ум оид ба каратэ буда, чемпиони Аврупо дар соли 2014 мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






