Филми «Гумроҳшудагон»-бозгӯкунандаи рӯзгори ҷавонони гумроҳ
Конибодом, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом якҷоя бо Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ходимони дин ва фаъолони шаҳр ҷамъомади васеъ доир гардид. Ҷамъомад дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносиву ифтихори миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ахлоқу тарбияи ҷавонон сурат гирифт.
Зимни ҷамъомад иштирокдорон ва хонандагону ҷавонон доир ба сабабу оқибатҳои даст задан ба ҷинояткорӣ, ба роҳ мондани робитаи устувори оила ва мактаб саволҳо пешниҳод намуда, посух гирифтанд. Ҳамчунин дар мулоқот оид ба тақдири ҷавонони гумроҳ, ки бинобар бемаърифатиашон шомили ҳизбу гурӯҳҳои ҷангҷӯёна гардидаанд, филми мустанад бо номи «Гумроҳшудагон» намоиш дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






